Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:55

Бохти калони тими Тоҷикистон. Аз Эрон

7 ноябр 2012, 05:30

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бо тими миллии футболи Эрон бозии дӯстона анҷом дод, ба ҳисоби 1:6 шикаст хурд.

Сабқати дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Эрон ва Тоҷикистон дирӯз, 6-уми ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон соати 16-у 30 дақиқаи вақти Эрон ва  16:00 ба вақти Душанбе баргузор шуд.

Абулқосим Деҳнавӣ, футболбози эронӣ  дар дақиқаи 9-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз намуд (1:0). Ёқуб Каримӣ дар дақиқаи 12-уми бозӣ голи дуюмро вориди дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон намуд (2:0) Абулқосим Деҳнавӣ голи сеюмро дар дақиқаи 30-юм ба ҳадаф расонд (3:0). Дақиқаи 31-уми дидор Ёқуб Каримӣ голи чорумро вориди дарвоза намуд (4:0). Ҳамин тариқ дастаи мизбонон дар нимаи дуюуми бозӣ ду голи дигар ба ҳадаф расонданду футболбозони тоҷик танҳо ба як гол посух гуфта тавонистанд.

Аҳмад Ҳасанзо дақиқаи 49-ум голи 5-умро зад (5:0). Голи ягонаи бозингарони тоҷикро Соҳиб Саванқулов, бозингари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 67-уми нимаи дувуми дидор зад. Алиризо Аббосфард дар дақиқаи 89-ум голи шашумро ба дарвозаи дастаи мухтахаби Тоҷикистон ба ҳадаф расонид (6:1).

Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 24 футболбозро аз панҷ бошгоҳи лигаи олии кишвар даъват намуда буд.

Ёдовар мешавем,  ин бозӣ барои дастаи мунтахаби Эрон як марҳилаи омодагӣ ба даври чоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2014 маҳсуб мешавад.
Гуфта мешавад,  рӯзи 14-уми ноябр тими мунтахаби Эрон дар майдони худ бо тими миллии Ӯзбакистон вориди сабқат шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!