Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

Девонаев муҳоҷиронро барои омӯзиш ба корхонаи «Хюндай-Старекс» фиристоданист

7 ноябр 2012, 07:09

Аснои мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо сафири КореяиҶанубӣ дар Душанбе Ён Ҷон-Ку масъалаи имзои созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррасӣ шуд. Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, зимни мулоқот дипломати кореягӣ иброз дошт, ки ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур ба Вазорати меҳнати Кореяи Ҷанубӣ нома ирсол карда, имзои як чунин созишномаро ҷонибдорӣ менамояд. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои баррасиву мувофиқасозии як қатор масоил як ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Сеул сафар намояд. Ба гуфти сафир ва дар такя ба маълумоти мавҷуда, айни замон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳудуди 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки миёни онҳо тоҷирону сармоягузорон низ ҳастанд. Дар ин нишаст Сафиалло Девонаев пешниҳод кардааст, ки 50-100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиш ба корхонаи истеҳсоли микроавтобусҳои «Хюндай-Старекс» ба Корея фиристода шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!