Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:44

С. Эллиот: Баъди дубора интихоб шудани Обама сиёсати берунии Амрико дар Тоҷикистон иваз нахоҳад шуд

7 ноябр 2012, 07:50

Барак Обама, президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо пирӯзӣ дар баробари Мит Ромнӣ, рақиби ҷумҳурихоҳи худ чор соли дигар дар мақоми худ боқӣ хоҳад монд.

Ба ҳамин хотир имрӯз дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency»-и шаҳри Душанбе тамоми шаҳрвандони амрикоии муқими Тоҷикистон аз рафти интихобот назарат карданд.

Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар ин нишаст зимни мулоқоташ  бо хабарнигорон изҳор дошт, ки пас аз дубора интихоб шудани Обама, сиёсати берунии Амрико дар Тоҷикистон иваз нахоҳад шуд.

Сюзан Эллиот умедвор аст, ки ҳамакнун бо пирӯзии Обама дар интихоботи президентии ин кишвар сиёсати Амрико ҳамчунин дар Авғонистон таъғйир наёфта ба раванди хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Кобул монеъае пеш нахоҳад омад.

Хонум Сюзан Эллиот дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон оид ба райъдиҳияш дар ин интихобот гуфт,  ҳамчун як дипломат ҳуқуқи ошкор кардани ин сирро надорад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!