Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Эътирози волидайни зиндониён дар назди прокуратура

7 ноябр 2012, 08:24

Беш аз 20 нафар волидайни маҳбусоне, ки чанд рӯз қабл аз маҳбасхонаи №-1-и Душанбе ба маҳбасхонаи №-23-и Шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд, барои додхоҳӣ дар назди бинои Прокуратураи генералӣ гирд омадаанд.

Маҳмурод Ризоев, падари маҳбус Сунатулло Ризоев, зимни суҳбат ба хабарнигорон гуфт, тахминан 20 нафар шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, аз он ҷумла писари маро ҳамроҳи 20 нафари дигар чанд рӯз қабл ба маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Ба ақидаи номбурда, шояд ӯро бо азобу шиканҷа қарор дода маҷбур кунад, ки аз шоҳидияш нисбати марги Икромзода даст кашад ва ба ҳамин хотир ӯро ба маҳбасхонаи дигар кӯчондаанд.

Номбурда гуфт, ба сиёсати давлат кор надорад ва танҳо ба он хотир ба додситони кулл муроҷиат мекунад, то аз писарони маҳбусаш, ки рӯзҳои охир дар маҳбасхона зери азобу шиканҷа қарор доранд, дифоъ кунад.

«Писари ман ҷавонмард аст ва дуруст ҳам кардааст, ки мардонавор ҳақиқатро гуфтааст. Вале дар хусуси кӯчондани писаронам аз маҳбасхонаи Душанбе ба Хуҷанд мо – хешовандонашон моро умуман хабардор намекунанд. Агар ҳамин алоқаи мобилӣ намебуд, мо аз ин дарак намеёфтем”, - мегӯяд Ризоев. Писараш бо телфони мобилӣ ба ӯ хабар дода аст, ки пас аз латӯкуб аз ҷониби кормандони маҳбасхонаи рақами 23-и -и шаҳри Хуҷанд маъруф ба “Гуантанамо” дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ӯ илова намуда аст, ки “агар хабари марги ман дар маҳбасхона ба шумо расад, донед, ки ин амали худкушӣ набуда, дар натиҷаи латукӯб ба қатл расидаам”.

Бояд гуфт, Суннатулло Ризоев дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи чи гуна ҳалок шудани Ҳамза Икромзода нақл карда, гуфтааст, ки ӯ дар натиҷаи азобу шиканҷаи зиёди кормандони  маҳбасхонаи рақами 1 ва  сардори он Рустам Тоҷтемуров ба ҳалокат расида ва ин амал бо фармони сардори муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ генерал Изатулло Шарипов иҷро шуда аст. Маҳмурод Ризоев аз қавли Сунатулло мегӯяд, писараш дар ҳақиқат инро дидааст ва намехоҳад аз гуфтани сухани рост сар печад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!