Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Мусодираи беш аз 270 килло маводи нашъаовар дар Суғд

7 ноябр 2012, 09:32

Давоми 10 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд беш аз 270 килло  маводи нашъаовар ошкор ва мусодира гардид.

Аз раёсати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ин миқдор маводи мусодирашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 килло кам мебошад: « Дар 10 моҳи соли 2011 зиёда аз 323 килло маводи мухаддир мусодира гардида буд».

Гуфта мешавад беш аз 270 килло маводи нашъаовари ошкоршуда 29 киллоаш героин, 237 киллоаш бангдона ва 9 килло афъюнро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, нисбати ин гуна ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 163 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 -и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!