Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Ду дидбонгоҳи нави марзӣ барои сарҳадбонони тоҷик

7 ноябр 2012, 12:08

Барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии маҳаллаҳои Рибхоз ва Сайёди Вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.

Дар ин бора ба Озодагон аз Шӯъбаи равобити бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими расмии кушодашавии ин дидбонгоҳҳо Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ширкат варзиданд.

Дидбонгоҳҳои мазкур омодагии марзбонони минтақаро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз қочоқчиёни маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар ба амниятро тақвият медиҳанд.

Сафир Сюзан Эллиотт афзуд, ки сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ иқтидори марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро ба таври назаррас тақвият медиҳад ва ба таҳким додани фаъолияти марзбонони минтақа низ кӯмак мерасонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!