Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Таъсиси корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

7 ноябр 2012, 11:34

Дар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи «Суғд пласт» оид ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ ба фаъолият оғоз кард.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 4000 тонна истеҳсоли профилро ташкил намуда, дар он 5 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад: «Хати технологии насбгардида истеҳсоли давлатҳои Германия ва Австрия буда, ашёи хом-поливинилхлорид низ аз ин давлатҳо ворид карда мешавад».

Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии сармоя барои ташкили корхонаи мазкур 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1,9 миллион доллар барои хариди хати технологии истеҳсоли профилҳои пластикӣ сарф карда шудааст.

Айни ҳол дар корхона барои 50 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, пас аз пурра ба кор даровардани иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон то ба 70 нафар расонида хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, аз соли 2005 то ба имрўз дар қаламрави кишвар 14 корхонаҳои хурду миёна ва муштараки истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассӣ таъсис дода шудааст.

Дар корхонаҳои мазкур маҳсулотҳои пластмассии ба монанди қубурҳои пластмассии диаметри аз 15 то 630 миллиметр, профилҳо барои истеҳсоли дару тиреза, плёнкаҳо, борхалтаҳо, зарфҳо ва сарпўшҳои пластмасӣ, сатилу лаган, зарфҳо ва қуттиҳо барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории меваю сабзавот, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ ва ғайраҳо истеҳсол шуда истодааст.

Гуфта мешавад  дар маҷмӯъ шумораи кормандон  дар ин корхонаҳо 400 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соли 2011 ин корхонаҳо 35,5 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 16,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар нўҳ моҳи соли 2012 бошад, дар корхонаҳои мазкур 41 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!