Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

Ҳамрохон Зарифӣ ба Токио рафт

8 ноябр 2012, 04:02

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои хориҷии муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” озими Токио шуд.

 

Тавре аз ВКХ-и кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, ба рӯзномаи вохӯрии вазирон масъалаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва амнияти минтақавӣ ворид карда шудаанд. Дар ҳошияи нишаст мулоқоти дуҷонибаи Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар назар аст.

Маврид ба ёдоварист, таъсиси муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” бо ташаббуси давлати Ҷопон соли 2004 ба мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз намуда буд. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон вохӯрии аввалини вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” баргузор шуд, ки дар рафти он Изҳороти муштарак қабул гардид.

Соли 2006 дар Токио вохӯрии дувуми вазирони корҳои хориҷӣ барпо шуд. Дар натиҷаи вохӯрӣ “Нақшаи корӣ” қабул гардид, ки самтҳои асосии ҳамкориро дар чаҳорчӯби Муколама муайян намуд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!