Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

БҶ: 20 миллион $ ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷет

8 ноябр 2012, 04:51

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бурс (грант) дар ҳаҷми 20 миллион доллари ИМА барои дастгирии буҷети Тоҷикистонро маъқул шуморид.

 

Тавре ба Озодагон аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, маблағи мазкур қисмате аз силсилаҳои бурсӣ мебошанд, ки шурӯъ аз соли 2009 барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи коҳиши таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, мусоидат ба рушди устувор ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ихтисос дода мешаванд. Ба иттилои манбаъ, маблағҳо дар доираи бурси ахир ба таъмини тақсимоти воситаҳои буҷетӣ ба хизматгузориҳои бахши тандурррустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ, беҳбуд ва такмили муҳит барои рушди бахши хусусӣ ва ҳамчунин тақвияти самаранокии фаъолияти ҳукумат ва оқилона истифода шудани захираҳои давлатӣ равона карда мешаванд.

Гуфтанист, кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи шарикӣ миёни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 расонида мешавад. Тавсияҳои Гузориши марҳилавӣ муҳлати амали Стратегияро то соли 2014 дароз мекунанд.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 236 млн.доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!