Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 20 август 2017, 07:15

1,7 миллион $-и навбатӣ ба мақомоти қудратии Тоҷикистон

8 ноябр 2012, 07:15

Ҳукумати ИМА барои Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии системаи алоқаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллар кӯмак расонидааст.


Дар робита ба ин пружа дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и пойтахт намоиши марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур баргузор гардид, ки дар он Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон санадро дар бораи супоридани таҷҳизоти алоқаи басомадаш баланд ба имзо расонданд. Дипломати амрикоӣ гуфт: «Ҳадафи аслии ҳукумати Амрико таъмини субот дар Тоҷикистон мебошад. Ва ман умед дорам, ки иҷрои марҳилаи аввали ин лоиҳа дар мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа кӯмак хоҳад намуд».

Бино ба иттилоъ, таҷҳизоти  мазкур муосир буда ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи гумрук, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода супорида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи марҳилаи аввали Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии системаи алоқаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон 1, 7 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст. Ва 37 таҷҳизоти мухобиротӣ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон дода шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!