Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

IFC мақсад дорад ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон қавӣ намояд

8 ноябр 2012, 09:54

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  бо Моаззам Мекан, менеҷери минтақавии IFC (Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ) дар Осиё ва Кристофер Миллер, сардори барномаи IC дар Осиёси марказии корпоратсияи мазкур мулоқот намуд.

Аз Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо зимни ин нишаст масъалаи таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар соли 2013, ҷараёни ҳамкориҳои муштаракро бо IFC, раванди татбиқи ислоҳотҳои иқтисодӣ, санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми иҷозатдиҳиро баррасӣ намуданд.

Давлаталӣ Саидов дар ин ҳамоиш боварӣ ҳосил намудааст, ки бо дастгирӣ ва машварати воқеии IFC дар масоили таъсисёбӣ ва аз ҳама муҳим муайян намудани механизми фаъолияти самаранок ва таъсирбахши Фонди соҳибкорӣ дар соли 2013, инчунин ҷалби минбаъдаи воситаҳои сармоягузорӣ ба он, дар маҷмўъ ба ҳадафҳои судманд хоҳанд расид.

Ҷаноби Моаззам Мекан дар рафти суханронии худ иброз намудааст, ки IFC мақсад дорад ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон ва бевосита ба Кумитаи сармоягузорӣ афзоиш ва қавӣ намояд.

Манбаъ мегӯяд, Давлаталӣ Саидов иброз доштааст, ки сол ба сол нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи дастовардҳои ислоҳотҳои пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ беҳтар шуда истодааст: « Вале, новобаста ба ин, боз чораҳои зиёде дар ин самт бояд мавриди амал қарор дода шаванд ва дар ин замина кӯмак ва дастгирии IFC ҳиссаи арзандае хоҳад гузошт».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!