Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Парлумон: Бозори сӯзишвории Тоҷикистон ба бознигарӣ ниёз дорад

8 ноябр 2012, 12:14

Дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми ин ниҳоди қонунбарор сурат пазируфт.

Тибқи иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар, дар ҷаласа лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи экспкртизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» муҳокима ва баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани тасвири парчам ва аломати фарқкунандаи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба баррасӣ гирифта шуд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» маълумот дода, аз ҷумла зикр намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур асоси ҳуқуқии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия муайян менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур баъди муҳокимарониҳои густурда боб ба боб ва модда ба модда қабул шуд.

Зимнан, муовини аввали прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Мунаввара Кенҷаева вобаста ба мавзӯи дигари ҷаласа- «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» таъкид намуданд, ки асоси ҳуқуқӣ ва зарурияти воқеии ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур аз он иборат аст, ки вақтҳои охир арзиши маводи сӯзишвории ба ҷумҳурӣ воридшаванда мунтазам тамоюли рӯ ба болоравиро дошта, бевосита сабаби афзоиши нархи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ дигар намуди кору хизматрасониҳо гардида истодааст. Мақсад аз пешниҳоди ин лоиҳаи қонун ба низом даровардани бозори истеъмолии маҳсулоти нафтӣ ва кору хизматрасониҳои ба он вобаста, инчунин риояи қатъии қоидаҳои нархгузорӣ, пешгирии болоравии нархҳо, аз нигоҳи иқтисодию техникӣ муқаррар намудани нархҳои воқеӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии дигар субъектҳои хоҷагидори ватанӣ ва истеъмолкунандагон мебошад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!