Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

Арзиши 60%-и хуроки рӯзонаи мардум 22 дар сад боло рафт

8 ноябр 2012, 11:37

Нархи орди истеҳсоли ватанӣ, ки тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 60 фоизи хуроки рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад, тӯли як сол дар бозорҳои кишвар ҳудуди 22 дар сад гарон шудааст.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол арзиши орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ дар дуконҳои ордфӯрушии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 156 сомонӣ барои 50 киллограмро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 22 фоиз қимат мебошад.

Манбаъ афзуд, орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон дар ин давра дар дуконҳои ордфӯрушии Душанбе 32 дарсад боло рафта, айни ҳол бо нархи 176 сомонӣ дар фурӯш аст. Сарчашмаи хабар инчунин таъкид кард, ки моҳи ноябри соли гузашта халтаи 50 килограмаи орди Қазоқистон 121 сомонӣ ва орди навъи якуми ватанӣ 121 сомонӣ нарх дошт.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, тибқи низомнома дар бораи ташаккули нархҳои молу маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум, тоҷироне, ки арзиши маҳсулотро беасос баланд мебардоранд, ҷарима мешаванд. Нисбати онҳо тибқи моддаҳои 555 (беасос баланд бардоштани нарх) ва 617 (амалҳои миёнарвӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда тартиб дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!