Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:53

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Резанур Мерал

9 ноябр 2012, 05:30

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо Резанур Мерал, президенти Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON)  мулоқот намуд.

Аз Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин мулоқот дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардид, ки ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, иқтидори обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва ташкили Анҷумани муштараки соҳибкорони тоҷику туркро, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Туркия ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, соли 1990 таъсис ёфтааст. Ба конфедератсияи мазкур 7 федератсияи соҳибкорон, 173 ассосиатсия, 43000 соҳибкор ва 120000 ширкат аъзо мебошанд.

Мақсади асосии TUSKON мусоидат намудан барои шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони турк ва хориҷӣ мебошад. TUSKON дар шаҳри Москва, Брюссел, Пекин ва Вашингтон намояндагӣ дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!