Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:07

Бозори «Деҳқон» гӯштро қимат мефурӯшад

10 ноябр 2012, 06:50

Аз аввали моҳи январ то оғози моҳи  ноябри соли равон арзиши гӯшти гов дар бозорҳои пойтахт 22 фоиз қимат шуда, тибқи маълумоти расмӣ ҳоло ба ҳисоби миёна бо арзиши 33 сомонию 80 дирам фурӯхта мешавад.

Тавре ба хабаргузории  Озодагоназ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон як кило гӯшти гов дар нуқтаҳои савдо 27 сомонӣ фӯрухта мешуд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҳама гӯшти арзон дар дӯконҳои гӯштфӯрушии  бозори «Варзоб» -у «Саховат» ба назар мерасад, ки 33 сомонӣ арзиш дорад. Дар нуқтаҳои гӯштфурӯшии бозори «Шоҳмансур» бошад, он 34сомонӣ  нархгузорӣ шудааст.Манбаъ афзуд, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон» мушоҳида шудааст, ки як кило гӯшти гов 35 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудаааст.

Аммо бархе сокинони пойтахт бо нигаронӣ мегӯянд, дар баъзе дӯконҳои гуштфурӯшии шаҳри Душанбе як кило гӯшти гов аз 35 сомонӣ ҳам бештар савдо мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!