Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:48

Ислоҳоти обу замин дар Кӯлоб

12 ноябр 2012, 04:59

Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии ЮСАИД тайи 6-моҳ боз Ассосиатасияи истифодабарандагони оби кишоварзӣ барои кӯмак ба кишоварзон фаъолият дорад.

Файзалӣ Миралиев, менеҷери ассосиатасияи «Оби ширин» ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ин бора иттилоъ дода гуфт, фаъолияти корхона аз тоза намудани каналу ҷӯйборҳои байнизаминҳо, таъмиру барқарорсозии дарвозаҳои обтақсимкунӣ ва бунёди деворҳои ҳифзи соҳил иборат мебошад. Ба қавли ӯ, 20 соли ахир каналу ҷӯйборҳо дар заминҳои кишоварзии мавзеъ тоза нагашта, пур аз лою санг шудаанд: «Заминҳо корношоям гардида, ҳосили дилхоҳ намедиҳанд. Инчунин, дарвозаҳои обтақсимкунӣ дар каналҳо кайҳо вайрон шуда, соҳилҳо зери хатари селзанӣ мондаанд».

-Дар корхонаи «Оби ширин» 7 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шуда, мавзеъ ва каналу ҷӯйборҳои таъмирталабро ба намояндагони ташкилот ошкор намуда, дар тайёр намудани лоиҳа ва сметаи иншоот фаъолона ширкат доранд. 80 фоизи маблағҳои масрафшавандаро барои корҳои сохтмонӣ ташкилоти ЮСАИД ва 20 фисади боқӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ пардохт мешавад,-афзуд манбаъ.

Гуфтанист, гуруҳии кории мазкур бо кӯмаки ЮСАИД дар назди ҳавлии ҷамоати деҳоти Даҳана бинои корӣ сохта, ба истифода додааст ва сар аз моҳи оянда бо маош фаъолият хоҳад кард.Музди меҳнати коргарони ассосиатасия, тибқи шартнома аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ пардохт мешавад. Дар ҳоли ҳозир ассосиатасияи истифодабарандагони оби кишоварзӣ ба 21 хоҷагии деҳқонӣ тариқи шартномавӣ хизмат мерасонад.  





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!