Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:05

Марги мармузи як сокини Панҷ дар пойтахт

12 ноябр 2012, 07:26

Латиф, як сокини деҳаи Максим Горкийи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанд рӯз қабл дар Душанбе аз дунё даргузаштааст.

Дар ин бора як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ, Латиф аз ноҳияи Панҷ ба Душанбе барои харидани мошин ба   Душанбе омадааст, аммо пас аз ду рӯз мурдааш аз хонаи иҷорае дар пойтахт дарёфт гардидааст. Манбаъ мегӯяд, Латиф тақрибан 30 сол дошт ва шахси ҳунарманд буд.  

Дар ҳамин ҳол, Абдишоҳ, сокини дигари ноҳияи Панҷ ба Озодагон гуфт: « Латиф 10 рӯз пеш дар Душанбе ба ҳалокат расида буд ва ба қавли наздиконаш иллати марги  ӯ истеъмоли аз меъёр зиёди нашъа арзёбӣ мешавад».

PS: Иттилоъи мақомоти расмӣ дар ин бора ҳанӯз норӯшан аст.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!