Бахшҳо

Изҳори нигаронии ҲНИТ аз таҳқиқи парвандаи Шерик Карамхудоев

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, парвандаи раиси бахши ҳизб дар шаҳри Хоруғ ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Номбурда зимни як нишасти матбуотӣ, ки дар қароргоҳи ҲНИТ имрӯз бо ташаббуси Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Шерик Карамхудоев сурат гирифт, чунин иброз дошт: «Агар дар бораи Шерик Карамхудоев ҳамчун сокини оддии шаҳри Хоруғ сухан мегуфтанд, мо инро парвандаи сиёсӣ намешуморидем, лекин дар ҳама гуна маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ӯ ба сифати раиси бахши шаҳрии ҳизб ҳарф мезананд ва ба мо ҳамчунин маълум аст, ки аз ӯ додани баёнот барои истифода зидди ҳизбро талаб кардаанд, вале ӯ ин корро накардааст».

Масъули ҲНИТ ҳамчунин изҳор кард, ки тибқи иттилоъи вакилони мудофеъ дар бадани  Карамхудоев осори лату кӯб боқӣ монда, онҳо истифодаи шиканҷа нисбати ӯро аз эҳтимол дур намедонанд.

Ба қавли Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Карамхудоев, муддати 5 моҳе, ки ҳамсараш дар тавқифгоҳ аст, боре ҳам дидори ӯ барояш муясссар нагардидааст: «Ҳар дафъае, ки ман барои ӯ чизе мебарам, бо зане вомехӯрам, ки писараш барои ҷинояти вазнинтаре гумонбар шудааст, вале муддати ҳар 15 рӯз ба ӯ барои дидор бо писараш иҷоза медиҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки маро боре ҳам ба дидор бо ҳамсарам иҷоза надоданд. Ман чунин муносибатро намефаҳмам, магар мо ҳам мисли он зан шаҳрванд нестем?».  

-Ба айбҳои нисбатдода ба шавҳарам низ розӣ нестам, зеро зимни аз хона берун рафтан,  ӯ бо худ силоҳ надошт ва умуман ӯ ба ҳеч кадоме аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша шомил нест,-афзуд Шаҳбозбекова.

Ёдрас менамоем, тибқи иттилоии пешакии ҳимоятгарон, Шерик Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш.Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)