Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

ВКД: Рустам Дамоновро дар Исфара дастгир намудем

13 ноябр 2012, 10:09

Дар пайи амалиёти вижаи кормандони Вазорати корҳои дохилии шаҳри Исфара  аз як сокини шаҳри Чкаловск миқдори зиёди маводи нашаъовар мусодира гардид.

Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар ҷараёни гузаронидани ин амалиёт дар ноҳияи Исфара-1, ҳудуди маҳаллаи Баҳор, Рустам Дамонови  44 сола, сокини шаҳри Чкаловск ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Манбаъ илова намуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 15 килою 494 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қисми 4 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!