Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:56

Фёдор Емеляненко варзишагарони тоҷикро ба Русия даъват кард

13 ноябр 2012, 12:01

Чор варзишгари тоҷик барои ширкат дар нахустин мусобиқоти Аврупо оид ба риштаи муҳорибаи ҳарбӣ (самбои размӣ) ба Русия рафтанд.

Варзишгарони тоҷик бо даъвати Фёдор Емеляненко, раиси Федератсияи самбои ҷангии Русия дар ин ин мусобиқот ширкат мекунанд. Тибқи иттилои як масъули Федератсияи самбои ҳарбии Тоҷикистон ин варзишгарон, ки муррабӣ онҳоро ҳамроҳӣ дорад, рӯзи душанбеи  12 ноябр ба шаҳри Санкт-Петербург, макони баргузории мусобиқот парвоз карданд.

Хуршед Темурӣ, муовини раиси ин федератсия мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот дар вазнҳои аз 65 то ба 93 килограм рақобат хоҳанд кард. Мусобиқаи байналмилалии самбои размӣ дар рӯзҳои 14 ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи    “Ледовий дворетс”-и (Қасри Ях) шаҳри Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!