Бахшҳо
16 июн 2011 11:39Хабарҳои ҷаҳон

Президент ҳокими вилоятро бо хоҳиши худаш ба истеъфо фиристод

Президенти Русия қабл аз мӯҳлат ваколатҳои губернатори вилояти Тверро лағв кард.

Хадамоти матбуотии Кремл менависад, рӯзи 16-уми июни соли равон Дмитрий Медведев фармони барканории Дмитрий Зеленин, устондори Тверро ба имзо расонид. Тибқи санади мазкур, Зеленин бо хоҳиши худ аз симматаш барканор гардида, нойиб райиси вилояти Рязан Андрей Шевелев ҷойгузини ӯ хоҳад шуд.

Андрей Шевелев, дар рӯйхати кадрҳои эҳтиётии райисҷумҳури Русия ҷойгир буда, соли 1995 унвони Қаҳрамонии ин кишварро барои иштирок дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Чеченистон соҳиб гардидааст. Ӯ дар соли 1970 дар шаҳри Белий Калинини вилояти Твер ба дунё омада, хатмкардаи омӯзишгоҳи низомии суворовӣ ва мактаби олии ҳавонавардии Рязан аст. Ду маротиба депутати Думаи Давлатӣ интихоб шуда, соли 2008 муовини губернатори Рязан таъин гардида буд.

Расонаҳои Русия дар мавриди истеъфои Дмитрий Зеленин, собиқ губернатори Твер ахиран маводи зиёде ба нашр расонида буданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки Зеленин узвияташро дар ҳизби ҳокими «Русияи Воҳид» (Единая Россия) қатъ кардааст. Ҳамчунин, гӯё ӯ дар блоги шахсияш тирамоҳи соли гузашта навиштааст, ки «дар Кремл аснои меҳмондорӣ газак бо кирмҳои зиндаи баҳорӣ  пешкаш мекунанд».


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)