Бахшҳо

«Адолати судӣ» дар Душанбе баррасӣ мегардад

Конфронси Миллии “Ҷанбаҳои дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба адолати судӣ дар Тоҷикистон” бо иштироки зиёда аз 100 намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзи 15 ноябри соли 2012 дар маркази Вефа баргузор мегардад.

Дар конфронос натиҷаҳои тадқиқоти “Масъалаҳои ҳуқуқии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон”, ки соли 2012 гузаронида шуд, пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин, дар рафти конфронс суханҳои ифтитоҳӣ аз ҷониби Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оиди корҳои дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Ғафуров, роҳбари клиникаи ҳуқуқии ДМТ пешниҳод карда мешаванд. Ғайр аз ин, маърӯзаҳои намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ низ оварда мешавад.

Мақсади асосии конфронс муҳокимаи масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судии табақаҳои осебпазири аҳолӣ роҳҳои кушод намудани дастрасӣ ба адолати судӣ, аз он ҷумла занони деҳот, кӯдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон мебошад. Он дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шӯрои адлияи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Барномаи “Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ  дар Осиёи Марказӣ” аз тарафи Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ ва Хазинаи Аврупо-Осиё бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ гардонида мешавад. Мақсади барнома соддатар гардонидани дастрасӣ ба адолати судӣ байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ, бо роҳи муқоиса намудани қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналхалқӣ ва баланд намудани таъсирнокии қонунгузории миллӣ барои бартараф намудани  душвориҳои ҳуқуқӣ мебошад. Барномаи мазкур дар панҷ ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз июли соли 2011 амалӣ гардонида мешавад.

Хазинаи Аврупо-Осиё  дар Осиёи Марказӣ – ташкилоти ҷамъиятӣ буда, соли 2005 бо мақсади иҷро намудани ташаббусҳо барои беҳтар намудани фаъолияти шаҳрвандӣ, рушди соҳибкории инфиродӣ, маориф дар Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)