Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:18

Имтиҳонсупорӣ аз забони русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ шуд

15 ноябр 2012, 05:35

Лоиҳаи ин қонун дар рӯзномаи “Российская газета” нашр шуд ва аз таърихи 1 декабри соли равон ҳукми қонунро гирифта, шеваи иҷрои он ба амал меояд.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, қонуне, ки зераш президент Владимир Путин имзо гузошт, барои дарёфти иҷозаи кор дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, тиҷорату хизматрасонӣ, муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид бо Русия бояд забондонии худро бо пешниҳоди иҷозатнома собит кунанд. Ин муҷаввиз ба муҳоҷир баъд аз супурдани имтиҳони забони русӣ  дода мешавад.

Ҳамчунин бояд муҳоҷирони корӣ санади хатми мактаби миёнаро, ки дар қаламрави Русия шинохта шудааст, бо худ дошта бошанд.Қонуни нав аз кормандони соҳаи тиҷорату савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии коммуналӣ тақозо мекунад, ки  имтиҳони забонро супоранд. Барои ба кор қабул шудани муҳоҷирони хориҷӣ, мегӯянд муаллифони қонун, забони русии шахс бояд болотар “аз як саҳти ҳадди аққал” бошад. Барои собит кардани забондонии худ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳодатнома ё сертификати имҳони давлатии забони русӣ ё санадҳои дигарро намоиш диҳад.

Дар ҳамин росто, масъулини  Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гуфтаанд, ки чунин имтиҳонро ҳар сол на камтар аз 140 ҳазор муҳоҷири корӣ хоҳанд гузашт.  Ба қавли мақомот, пеш аз қабул шудан ба кор дар соҳаи хизматрасонӣ, шахс бояд санади тасдиқкунандаи донишҳои русии ӯро намоиш диҳад. Айни замон вай таъкид кард, ки агар шахс то соли 1991 мактаби миёнаро хатм карда бошад ва ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар  он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате барои намоиши чунин як санад пеш намеояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!