Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

Генерали амрикоӣ амнияти Тоҷикистонро таъмин карданист

15 ноябр 2012, 11:50

Фармондеҳи амалиёти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Кен Тово ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, генерали амрикоӣ аснои боздидаш аз Тоҷикистон бо намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико вохӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавро баррасӣ намуд.

Ба қавли манбаъ, дар чорчӯбаи сафараш ба Тоҷикистон генерал-майор Тово бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сюзан Эллиотт низ дидор дошт ва онҳо масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарбии ду кишварро, аз ҷумлаи муносибатҳои Фармондеҳии амалиёти махсус (SOCCENT) ва Қувваҳои фармоиши махсуси Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтанд.

Ба ҷуз ин, ҷаноби Тово бо масъулини баландпояи низомии Тоҷикистон мулоқот карда,  омодагии Фармондеҳии амалиёти махсусро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Тоҷикистон таъкид намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!