Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 22:17

«Равшан»-и Кӯлоб «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод

15 ноябр 2012, 12:07

Ин бозии даври 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон буда аз рӯи тақвими мусобиқа мебист рӯзи 18-уми ноябр баргузор мешуд.

Аммо бо дархости ҳар ду даста ва бо розигии Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 15-уми ноябр, дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бо иштироки сершумори ҳаводорони футбол барпо гардид.

Дэвид Мауто, бозигари дастаи «Равшан» дар дақиқаи 10-уми нимаи авали дидор ҳисобро боз намуд (0:1). Течи Соломон, бозигари дигари даста дар дақиқаи 21-ум голи дуюмро вориди дарвозаи ҳариф намуда,нимаи аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб поён ёфт.

Ҳусейни Моҳрухӣ бошад, дар дақиқаи 68-уми нимаи дуюми сабқат голи сеюмро ба ҳадаф расонид (0:3).



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!