Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:49

Садамаи нақлиёти мунҷар ба марги ноболиғ шуд

16 ноябр 2012, 06:06

Шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида ва 4 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.

Тавре ба Озодагон Маҳмадшариф Шамсов, корманди Хадамоти матбуотии бозрасии давлатии автомобилӣ  хабар дод, имрӯз, 16-уми ноябр тақрибан соатҳои 07-20 дар  шаҳри Кӯлоб садами нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он Далер Нуралиеви 10 сола ба ҳалокат расид: «Ронанда Мустафо Достиев бо  нақлиёти «Дево сило» ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Исмоили Сомонӣ пиёдагарди ноболиғ Далерро  зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса мефавтад».

Маврид ба зикр аст, аз аввали соли равон то имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон  1 ҳазору 194 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 386 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 330 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!