Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Коршинос: Ба мӯътадил будани сатҳи таваррум бовар надорам

16 ноябр 2012, 11:05

Масъулини Бонки милли Тоҷикистон мегӯянд, тайи даҳ моҳи соли равон яке аз нишондиҳандаҳои муҳим – таваррум чун пештара дар сатҳи мӯътадил қарор дошта, 6,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябр ба 0,5 фоиз баробар шуда, дар давоми як соли охир 6,5 фоизро ташкил дод. Гуфта мешавад, меъёри бозтамвил чун яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, тайи се моҳи охир бетағйир дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Зулфикори Исмоил, иктисодшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки «Бонки миллӣ дар аввали сол тибқи нақшааш барои мӯътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум гуфта буд, ки қурби доллар дар Тоҷикистон аз 4, 850-4,880 бояд болотар наравад. Аз ин хотир Бонки миллӣ тавонист, ки сатҳи таварумро мӯътадил нигоҳ  дорад. Лекин ин як тарафи масъала мебошад, мо расман мегӯем, ки сатҳи таваррум 6,1 фоизаро ташкил додааст ва дар сатҳи мӯътадил қарор дорад. Дигар тарафи масъала он аст, ки Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар коло аз дигар кишварҳо ворид мекунад, аммо ба бозорҳои ҷаҳонӣ барои фурӯш ба 1 миллиард доллар маҳсулоти худро мебарорад, дар ин ҳол тавозуни саводои кишвари мо минус  (тарҳ) мебошад, ин нишондиҳандаи зиёд будани таваррум аст, пас мо гуфта наметавонем, ки сатҳи таварум дар кишвар мӯътадил мебошад».

Ба гуфтаи оқои Исмоил, Вазорати рушди иқтисод ва Вазорати молияи Тоҷикистон  аслан рушди кишваро нодуруст ҳисоб мекунанд: «Масалан, онҳо қимати колоҳоро гирифта нисбат ба қимати имсола муқоиса карда агар  5 ё 6 дарсад боло рафта бошад, онро минус мекунанд аз қимати соли  гузашта мегӯянд ки рушди иқтисоди кишвар 5 ё 6 дарсад боло рафтааст ин хатои маҳз мебошад. Чунки рушди иқтисод аз рӯи ҳисоби пешрати саноеъи  мошинсозӣ  ва хизматрасонӣ ба мардум бояд ҳисоб  карда шавад».

Номбурда афзуд, ба назари ман, ҳисоб кардани таваррум дар Тоҷикистон як кори чунон дақиқ нест, чунки соли гузашта, Бонки миллӣ эълом карда буд, ки сатҳи таваррум дар кишвар 9,9 дарсад аст, кумитаи омори ИДМ муайян кард, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз 20 дарсад боло мебошад».

-Феълан, аз ҳисоби боло рафтани қимати колоҳо ба ҳисоби ман сатҳи таваррум дар Тоҷикистон на 6,1 фоиз, балки  аз 20 дарсад боло мебошад,-афзуд коршинос


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!