Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон:Тайёрӣ ба зимистон аз имрӯз бояд шурӯъ гардад

Масоили омодагӣ ба ҷашни истиқлолият ва тайёрӣ ба зимистони имсола дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, зимнан райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бо масъулини ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент ва роҳбарони мақомоти шаҳру навоҳӣ, намояндагони илму фарҳанги кишвар машварати корӣ доир намуд. Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони аҳли илму фарҳанг ва иттилоот машварати корӣ доир намуд.

Оид ба омодагӣ ба таҷлили 20-солагии истиқлолият ва корҳои ободонию созандагӣ гузориши нахуствазир  Оқил Оқилов шунида шуд. Зикр гардид, ки дар доираи омадагӣ ба ин ҷашн, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар аз моҳи декабри соли 2008 оғоз ёфта буд,  сохтмон ва ба истифода додани 1350 иншооти наву замонавӣ ба нақша гирифта шуд. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бонизом ба роҳ монда шудааст. Бино ба гуфти нахуствазир, дар пойтахти кишвар китобхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаи миллии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон бо майдону гулгаштҳои зебои атрофашон, боғи нави фарҳангиву фароғатӣ дар майдони 15 гектар, меҳмонхонаи панҷситорадори «Сирена» ва чандин иншооти дигар мавриди истифода қарор мегиранд. Дар мавриди истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, вусъат додани кишти такрорӣ ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  Сироҷиддин Валиев гузориш доданд.

Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозорҳои кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба масъулини дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳо  супоришҳои қатъӣ дод. Тибқи супоришҳои қаблии сарвари давлат майдони кишти картошка имсол бояд 4 ҳазор гектар ва ҷамъоварии ҳосили он 80 ҳазор тонна зиёд шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд аз ҳозир вусъат ёбанд.

 

{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)