Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:35

Меҳмони навбатии Хабаргузории Озодагон - Мирзошоҳрух Асрорӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябр 2012, 11:36

Муаррифӣ: 20 августи соли 1953 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба УДТ ба номи Ленин шомил мешавад. Соли 1975 ин донишгоҳро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ба итмом расонидааст. Соли 1989 бошад, Пажӯҳишгоҳи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканди Ӯзбакистонро бо дипломи аъло бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст. Забонҳои русӣ, форсӣ ва инглисиро медонад. Фаъолияти меҳнатиашро аз мактаби миёнаи рақами 44-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси омӯзгори фанни забони модарӣ оғоз намуда, солҳои 1975-1979 ба сифати тарҷумони форсӣ дар гурӯҳҳои мутахассисони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон кор кардааст. Пас аз бозгашт дар нашриёти «Ирфон» ба кор пардохта, соли 1980 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмат даъват мешавад. Солҳои 1982-1986 дар вазифаи нозири Кумитаи Марказии ИЛМҶТ Тоҷикистон, 1986-1992, директори барномаҳои Радиои Тоҷикистон, 1992-1993, Мудири шӯъбаи ташкилии Комитети Марказии Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи тандурустӣ кор кардааст. Пас аз ин дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи илм, маданият ва иҷтимоиёти Мудирияти корҳои Совети Вазирони Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои 1993-1995 раисии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1995-1997 ба симмати сардори раёсати Радио ва телевизиони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Соли 1997 роҳбари Дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2003 дар ин мансаб кор кард. Солҳои 2003-2006 сардори идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе буд. 1-уми декабри соли 2006 ба мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, тайи шаш соли ахир дар ин симмат ифои вазифа дорад. Хонандагони азиз ва муштариёни гиромӣ! Агар дар мавриди фарҳангу мушкилоти фарҳангии ҷомеъа, вазъи театру китобхонаҳо ва дигар проблемаҳои фарҳангии кишвар, мушкилоти марбут ба он, муносибати кормандони ин мақомот саволу дархост дошта бошед, онро бевосита ба раҳбари ин ниҳод ирсол намоед. Мирзошоҳрух Асрорӣ омодааст, ки дар ҳамин ҷо, дар бахши «Рӯ ба рӯ» ба дилхоҳ пурсиши Шумо посух бигӯяд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!