Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:53

Генерали амрикоӣ масъалаи бехатарии Тоҷикистонро муҳокима намуд

17 ноябр 2012, 04:39

Генерал-майор Кен Тово, фармондеҳи амалиёти махсуси фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон  ташриф овард.

Аз шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки генерали амрикоӣ зимни сафари худ  бо намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати  Амрико мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар чорчӯбаи сафараш ба Тоҷикистон генерал-майор Тово бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот вохӯрд ва масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарбии ду кишварро матраҳ намуданд.

Гуфта мешавад, муносибатҳои Фармондеҳии амалиёти махсус (SOCCENT) ва қувваҳои фармоиши махсуси Тоҷикистон мавриди баррасии ҷонибҳ қарор гирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, генерал-майор бо масъулини баландпояи ҳарби вохӯрӣ баргузор намуд, ки ҳангоми он омодагии Фармондеҳии амалиёти махсусро дар таъмини сулҳу субот ва бехатарӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!