Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

18 миллионн $. Аз Тоҷикистон дар 10 моҳ ба ҳамин маблағ неруи барқ содир гардидааст

17 ноябр 2012, 07:01

Тибқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 маротиба зиёдтар аст.

Гуфтанист, тайи 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 3 млн  доллари ИМА нерӯи барқ содирот карда буд.Дар давраи сипаришуда нерӯи барқи Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва баъзан ба миқдори начандон зиёд ба Қазоқистону Қирғизистон низ содирот гардидааст. Дар мавсими тобистон тавассути хатҳои барқи Қирғизистон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон шабонарӯзӣ то 500 кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд.То аввали моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» ширкати «Барқи тоҷик» ба Афғонистон шабонарӯзӣ бо қимати 3,57 сент барои 1 кВт/соат то 3 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод.

Ҳамзамон, ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ҷумҳурӣ ба норасоии нерӯи барқ дучор гардида, дар ин робита интиқоли ҳаҷми зиёди он ба Афғонистон қатъ карда шуд: «Феълан, тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ ҳамагӣ 10-15 МВт шиддати ҷараёни нигоҳдории муҳофизатӣ мегузарад».

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳудуди 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!