Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Таҳқиқи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон

19 ноябр 2012, 03:40

Таҳқиқоти меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон чанд вақт боз аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) идома дорад.

Аз Агентии омор ба Озодагон иттилоъ доданд, ки роҳандозии таҳқиқоти мазкур дар асоси Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили механизми маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардида истодааст.

Ин барнома 12 моҳ идома меёбад ва гузаронидани тадқиқоти интихобиро дар хонаводаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар бар мегирад, ки ин барои гирифтани маълумотҳои боварибахш дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакони синни 5 то 17 сола, давомоти ба мактаб рафтани онҳо, кор дар оила ва берун аз он, дар бораи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон имконият медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, созишнома оид ба иҷрои ин барнома 11 июни соли 2012 ба имзо расида буд, ки иҷроиши ин барнома  дар чанд марҳила, аз ҷумла аниқкунии рӯйхати хонаводаҳо (листинг), гузаронидани интихоби хонаводаҳо, мувофиқгардонии намунаи саволнома, коркарди натиҷаҳо ва тайёр намудани ҳисоботу паҳнкунии маълумотҳо ба амал бароварда мешаванд.

Барои гузаронидани тадқиқот саволномаи стандартӣ дар бораи меҳнати кӯдаконро Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мувофиқгардонӣ ба шароити Тоҷикистон омода кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!