Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Хабарнигорон набояд барои навиштаҳояшон ба зиндон кашида шаванд

17 июн 2011, 02:37

Сафири Амрико дар Душанбе хостори озодии фаврии хабарнигори ВВС дар шимоли Тоҷикистон аст.

Дипломати амрикоӣ Кенет Гросс баъд аз зӯҳри дирӯз навори видеоиро ба расонаҳои ватанию хориҷӣ ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад: « Сафорати ИМА дар робита ба боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов нигаронии амиқи хешро изҳор медорад, ки рӯзи 13-уми июн дар Хуҷанд бо ҷурми  узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст. Мо аз мақомоти давлат даъват мекунем, иддаоҳои бадрафтории маъмурони амниятӣ бо ҷаноби Усмоновро ба таври мукаммал таҳқиқ намуда, ба меъёрҳои байнулмилалии шаффофияти додгоҳӣ арҷ гузоранд. Ба назари мо, хабарнигорон набояд барои навиштаҳояшон табъиз ё зиндонӣ шаванд. Аз ин рӯ мо даъват мекунем, дар сурати набудани ҳеч гуна далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ӯ бояд фавран озод карда шавад.»

Дар ҳамини ҳол, созмони амният ва ҳамкории Аврупо  низ аз боздошти хабарнигори   Ӯрунбой Усмонов  изҳори нигаронӣ кардааст ва унвонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол доштааст. Гуфтанист, Ӯрунбой Усмонов, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагаштааст. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, ки вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст. Сафорати Бритония дар Душанбе рӯзи 15-уми июни соли равон, хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд  шуда буд.

Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД,  рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд  Усмонов  Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф  аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.

 

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!