Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:47

Афзоиши нархи гандум дар бозори Рашт

19 ноябр 2012, 04:07

Арзиши як кило гандум дар бозори марказии ноҳияи Рашт нисбат ба бозори «Бекобод» ҳамсарҳад бо Зафаробод 52 дарсад гарон ба фурӯш гузошта шудааст.

Аз ташкилоти «АгроИнформ»-и Тоҷикистон ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки ба ҳисоби миёна нархи як кило гандум дар бозори марказии Рашт 3 сомонӣ фурӯхта мешавад, аммо ин нишондод дар бозори «Бекобод» 1 соонию 42 дирамро ташкил медиҳад: «Аз ҳама нархи гарони гандум пас аз Рашт дар бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамсарҳад бо Афғонистон  мушоҳида мешавад, ки дар он ҷо як кило гандум ба нархи 2 сомонию  50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст».

Нархи ин навъи маҳсулот дар бозори марказии шаҳри Истаравшан,  «Панҷшанбе»-и  шаҳри Хуҷанд ва бозори марказии шаҳри Исфара 2 сомонӣ арзиш дорад.

Дар  бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт бошад ба 2 сомону 30 дирам баробар аст.

Масъулини «АгроИнформ» иброз намуданд, ки аз ҳама нархи арзони гандум пас аз бозори  «Бекобод» дар бозори «Сух» ҳамсарҳад бо Исфара мушоҳида гардид, ки як кило гандум ба маблағи 1 сомонию 60 дирам савдо мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!