Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Президент дар Қасри Арбоби Хуҷанд суханронӣ мекунад

19 ноябр 2012, 05:05

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати ширкат ва суханронӣ дар маросими таҷлил аз 20-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олӣ  ба шаҳри Хуҷанд рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, қарор аст, дар нимаи дуввуми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб суханронӣ намояд. Ҳамон кохе, ки 20 сол қабл Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд ва ҳукумати нав бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард.

Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки райисҷумҳур пас аз баромадаш дар Қасри Арбоб, дар маросими ифтитоҳи як чойхонаи миллӣ низ, ки дар наздикии ин кох бунёд шудааст, иштирок хоҳад кард.

Қабл аз ин, президент ба шаҳри Қайроққум рафта, дар маросими кушодашавии  бинои нави осоишгоҳи "Баҳористон" иштирок карда буд. Гуфта мешавад,  дар саҳни ин осоишгоҳ раисиҷумҳур бо иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, аз ҷумла намояндагони мардумии Шӯрои олии даъвати солҳои 1990-1995 гуфтугӯ анҷом дода, "барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезии солҳои 90-уми асри гузашта", сипосгузорӣ намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!