Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:42

Роҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар Киев

19 ноябр 2012, 06:40

Дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина ҷаласаи навбатии роҳбарони шабакаи ташкилотҳои худтанзимкунии фаъолияти журналистии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

Тавре аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, дар кори ин ҷаласа ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Украина иштирок доштанд.

Дар ибтидои ҷаласа Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳозиронро бо раванди механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ва нақши Шӯрои ВАО дар мавриди қазияҳои матбуотӣ ошно намуд.

Таъкид гардид, ки муддати начандон тӯлонии фаъолият, шӯруъ аз соли 2009 Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар баробари баррасии шикояти шахсони ҳуқуқиву воқеӣ  силсилачорабиниҳоеро дар манотиқи кишвар доир намуд ва барои муаррифии ниҳоди танзимкунии фаъолияти журналистӣ иқдом намуд.

Манбаъ мегӯяд, иштирокчиёни ҷаласа масоили марбут ба эҳтироми ҳаёти шахсӣ дар навиштаҳои ВАО-ро дар мисоли таҷрибаи Украина баррасӣ карданд: «Роҷеъ ба тавсеаи фаъолияти шӯроҳои матбуотӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар нигоштаҳои кормандони ВАО табодули назар сурат гирифт».

Ёдовар мешавем,шабакаи ташкилотҳои худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ соли 2011 дар шаҳри Маскав бо ҳузури намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Федератсияи Руссия, Тоҷикистон ва Украина таъсис ёфтааст ва ба манзури рушди муносибатҳои байналмилалии раванди механизми худтанзимкунӣ дар ВАО фаъолият мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!