Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:02

Пан Ги Мун оташбас мехоҳад

19 ноябр 2012, 09:59

Тибқи хабарҳои охирин, бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил 10 сокини осоиштаи Ғаза ба ҳалокат расидаанд.

Бо гузашти ҳафт рӯз аз танишҳои миёни Исроил ва Фаластин теъдоди кушташудаҳо марзи 50 нафарро гузаштааст. Бино ба хабарҳои расида, дар ин ларгириҳо 50 шаҳрванди Фаластин ва 3 табааи Исроил ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҳол ҳавопаймоҳои исроилӣ ҳанӯз ҳам навори Ғазаро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Дар муқобил созмони
«Ҳамос» шаҳрҳои Тел-Авив ва Байтулмуқаддасро ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол, Пан Ги Мун, дабири кулли СММ эълон кард, ба манзури ҳимоят аз талошҳо барои расидан ба оташбас аз Мисру Исроил дидан мекунад. Нахуст вай бо Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср мулоқот хоҳад кард. Миср аз ҷумлаи чанд кишвари мусламонист, ки бо Исроил равобити дипломатӣ дорад, ва Мурсӣ фаъолона талош меварзад, то барои истиқрори оташбас байни раҳбарони Ҳамос ва мақомоти Исроил нақши миёнҷиро бозӣ кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!