Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

БМТ: Сифати қарзҳои тиҷоратӣ ва кишоварзӣ бад шудааст

19 ноябр 2012, 12:12

Масъулини Бонки миллии  Тоҷикистон мегӯянд, сандуқи қарзи умумии ташкилотҳои қарзӣ дар 9 моҳи соли равон маблағи 3 миллиарду 842 миллион  сомониро (нетто) ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат  ба охири соли гузашта ба андозаи 134  миллион  сомонӣ ё 3,6% зиёд мебошад.

Вале дар баробари афзоиши чунин нишондод намояндагони бонки мазкур иброз намуданд, ки мувофиқи маълумотҳои пешниҳодшуда сифати қарзҳои соҳаи тиҷоратӣ ва кишоварзӣ бад шуда истодааст.

Гуфта мешавад, вазни қиёсии қарзҳои таснифшуда ба андозаи 3,2% зиёд шуда, дар санаи 30-уми сентябри соли 2012 маблағи 714 миллион  сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба охири соли гузашта 157,6 миллион сомонӣ ё 28,3% афзоиш ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!