Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:48

Қурби доллар дар Душанбе ба боло. Дар Хоруғ ба пойн

19 ноябр 2012, 11:25

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе нисбат ба нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Хоруғ 5 сомонӣ гарон ба фурӯш гузошта шудааст.

Тавре ба Озодагон Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи бонки мазкур  иттиллоъ дод, айни  ҳол дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8500- 4,8700 сомонӣ хариду фурӯш карда мешавад, аммо ин нишондод дар ба нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Хоруғ 4,8000- 4,8200-ро ташкил медиҳад.

Қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Хуҷанд 4,8700 - 4,8750, Курғон-теппа 4,8600 -4,8700 ва Кӯлоб  4,8500 - 4,8700 хариду фурӯш карда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки чунин болоравӣ асосан бар асари таъсири омилҳои мавсимии тағйирёбии талабот ва пешниҳоди асъори нақди хориҷӣ сурат гирифтааст, ки тағйироти назарраси қурби доллар нисбати дигар асъорҳо дар ҳафтаҳои охир дар бозорҳои дохилию хориҷӣ ба миён омадааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!