Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Ҳукми додгоҳ алайҳи Ҷӯраев тағйир наёфт

19 ноябр 2012, 11:38

Додгоҳи вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ нисбати ҳукми  суди  ноҳияи Шаҳристонро нисбати сокини 73-солаи шахри Исфара Зиёвуддин Ҷӯраев, ки ба рӯи судя кислота пошида буд, бетағйир гузошт.

Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон вакили дифоъи З. Ҷӯраев- Файзиниссо Воҳидова иттилоъ дод.Бону Воҳидова гуфт, аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд сокини 73-солаи шахри Исфара Зиёвуддин Ҷӯраевро ба ба 8 солу 6 мохи зиндон маҳкум намуд.

Ёдовар  мешавем, ки 21 июли соли ҷорӣ Зиёвуддин Ҷӯраев ба рӯи судяи додгоҳи шаҳри Исфара Абдуҳамид Давронов кислота пошида буд. Ин  амали ӯ  ба нишони эътироз аз ҳукми баровардаи  судя  А.Давронов  оиди талоши молу мулкӣ буд, ки на ба фоидаи З.Ҷӯраев ҳал шудааст.Додгоҳ З.Ҷӯраевро дар асоси ду банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон («таҳдиду зӯроварӣ нисбат ба  судя» ва « расонидани зарари вазнини  ҷисмонӣ») гунаҳкор донистааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!