Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:50

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеч гоҳ аз ёдам намебарорам…

20 ноябр 2012, 04:54

Президенти Тоҷикистон пас аз зӯҳри дирӯз (19-уми ноябр) ба Қасри Арбоби Хуҷанд омад.

Маврид ба тазаккур аст, ки 20 сол пеш аз ин (соли 1992) маҳз дар ҳамин кох Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмон зимни он ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида буд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, қабл аз оғози ҷаласаи тантанавӣ бо ҳузур ва ширкати президент дар ин ҷо осорхона ифтитоҳ шуд ва дар он аввалин парчами давлати мустақили Тоҷикистон, аксҳои зиёд ва ҳатто таҷҳизоти телевизионе, ки раванди иҷлосия навор бардошта шуда буд, ба маърази намоиш гузошта шуданд.  

Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба минбар баромада бо арҷгузорӣ ва ёдоварӣ аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-ум гуфт: “Ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи баланд маҳз аз ин толор аз шаҳри бостонии Хуҷанд сабзидам ва ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорам». Дар идомаи суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба бархе аз шахсияту нафарони алоҳида афзуд, ки пас аз баргузории иҷлосия, ки ҳукумати навро таъсис дод, бозиҳои пасипардагӣ тавассути шахсиятҳои алоҳида шурӯъ гардид ва ана ҳамин ҷо баъзе сиёсатмадорони мо нақшаи тақсими Тоҷикистонро кашиданд. Ба қавли президент, сарвазири вақти кишвар (Абдумалик Абдуллоҷонов)  ва баъзе аз аъзоёни ҳукумат нияти ба Душанбе рафтан надоштанд: "Маҷбур 3-4 нафар аъзои ҳукуматро тариқи чархбол бурдем."  

Боиси тазаккур аст, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд ва дар ин иҷлосия депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон- Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов, райиси вилояти вақти Кӯлоб ба симмати раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!