Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 00:45

Изҳори нигаронии ҲНИТ аз қазияи Фаластину Исроил

20 ноябр 2012, 05:17

Дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ бо ширкати масъулини ин ташкилоти сиёсӣ сурат пазируфт.

Тавре аз дастгоҳи ин ниҳоди сиёсӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар баробари масоили корӣ ва рӯзмараи фаъолият вазъияти ахири Фаластин низ мавриди баррасии ҳозирин қарор гирифт. Иштирокдорони ҷаласа ҳамалоти ҳавоӣ ва низомии Исроил алайҳи мардуми бегуноҳи Фаластинро маҳкум намуда, устуворӣ дар муқовимат ва дифоъ аз ҳуқуқҳои худро ҳаққи қонунӣ ва машрӯъи фаластиён донистанд.

Ҳамзамон, аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ИМА ва бархе кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ аз низоми ҷинояткори Исроилро вазифаи худ қарор дода, ошкоро мехоҳанд бо зулму зурӣ ҳаққи мардуми фаластиниро нодида бигиранд. Дар ҳоле, ки аз ишғол шудани Фаластин беш аз 60 сол мегузараду миллионҳо фаластинӣ ҳанӯз ҳам дар ғурбат ва муҳоҷирати иҷборӣ ба сар мебаранд, кишварҳои ҳомии Исроил ин ҳамаро намехоҳанд ба назари эътибор бигиранд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин ҷаласа иброз гардид: «Ҳукумати Тоҷикистон ва мо кулли тоҷикон низ набояд дар чунин ваъияти бӯҳронӣ барои тамоми мусалмонон бетараф бошем».  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!