Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:59

Нависанда Додоҷон Раҷабӣ аз олам даргузашт

20 ноябр 2012, 05:29

Адиби тоҷик дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Додоҷон Раҷабӣ солҳои зиёди умри худро барои навиштани асарҳои бачагона ва таҳқиқи саҳифаҳои норӯшани адабиёти тоҷик дар даврони "репрессияи сталинӣ" сарф кардааст. Маҷмӯаи мақолаҳои Раҷабӣ дар ин мавзӯъ соли 1998 таҳти унвони "Осмони хамида" ба нашр расида буд.

Додоҷон Раҷабӣ моҳи апрели соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада,фаъолияти эҷодии ӯ пас аз хатми Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло ДДХ) дар нашрияи "Ҳақиқати Ленинобод" оғоз ёфта, сипас дар нашрияҳои "Комсомоли Тоҷикистон", Кумитаи давлатии радио ва телевизион, нашрияи "Адабиёт ва санъат" ва "Садои мардум" идома меёбад. Додоҷон Раҷабӣ солҳои охир масъулияти бахши матбуоти идораи кишоварзии ҳукумати Суғдро бар ӯҳда дошт.

Бояд гуфт, Додоҷон Раҷабӣ муаллифи беш аз даҳ китобу асарҳои саҳнавист, ки "Дилсӯзӣ", "Кулчаи зағора", "Шабе, ки барф меборид", "Қиссаи модари нав" ва “Анори дона-дона” аз ҷумлаи онҳоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!