Бахшҳо
20 ноя 2012 05:58Хабарҳои ҷаҳон

Холид Машъал: «Низоъро аввал бояд Исроил бас кунад»

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ имрӯз дар Қоҳира (пойтахти Миср) бо президенти он кишвар Муҳаммад Мурсӣ мулоқот мекунад.

Тибқи иттилоъ ва гузоришҳои расида, Миср аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар раъси ҷонибдорони хатми хушунат дар Ховари Миёна қарор дорад. Расонаҳои хориҷӣ дар ҳамин ҳол мегӯянд, тайи шаш рӯзи даргирӣ миёни Фаластину Исроил беш аз 100 фаластинӣ ва 3 исроилӣ ба ҳалокат расидааст.Президенти Амрико низ дирӯз дар сӯҳбат бо Мурсӣ, раҳбари давлати Миср гуфтааст, зарур аст ҳар чӣ зудтар мушакборон аз сӯи Ҳамос хотима ёбад .

Ҳамзамон, дар Брюссел, пойтахти Белгия, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҷонибҳоро ба оташбас даъват карда, хостори хатми мушакборон аз навори Ғаза шуданд ва ҳам аз Исроил даъват кардаанд, то “мутаносиб амал карда, дар ҳамлаҳои ҷавобиаш ҳамеша ҳифзи мардуми мулкиро замонат диҳад.”  

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил шартҳои кишвараш барои оташбасро эълон кардааст, ки аз ҷумла қатъи мушакборон аз ҷониби Ҳамос ва талоши байналмилалӣ барои тазмини инро, ки Ҳамос дигарбора мусаллаҳ нахоҳад шуд, дар бар мегирад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари давлати худгардони Фаластин ва сарвари Ҳамос Холид Машъал дирӯз дар Қоҳира гуфт, низоъро бояд аввал Исроил бас кунад: “Музокироти мо бо раҳбарону мақомоти иктишофии Миср идома дорад. Мо ҳар рӯз мулоқот дорем, вале ман дар бораи ҷараёнаш сӯҳбат намекунам. Мо шартҳои Тел-Авивро қабул нахоҳем кард. Исроил аст, ки таҷовузро ба хоки Фаластин шурӯъ кард».  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)