Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

Қатли як ҷавони 19-солаи тоҷикистонӣ дар Калуга

20 ноябр 2012, 06:39

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз сӯи афроди номаълум ба қатл расидааст.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин куштор рӯзи 15-уми ноябри соли равон дар маҳаллаи Белоусовскии шаҳри Обнински вилояти Калуга ба таври фоҷиавӣ сурат гирифтааст. Марҳум Тоҷибев Зоҳирҷон Алиҷоновичи 19-сола (соли таваллудаш 1993), зода ва сокини шаҳри Турсунзода буда, дар натиҷаи латукӯби бераҳмона ҷони худро аз даст додааст.

Манбаъ мегӯяд, нисбати ин куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Бояд зикр намуд, ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ашхоси номаълум дар Русия кушта мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!