Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Қирғизистон даъво дорад. Ба ҷониби Тоҷикистон

20 ноябр 2012, 09:37

Қирғизистон тибқи созишнома дар бораи табодули замин ба ҷои 90 гектар 104 гектар заминашро ба Тоҷикистон дод.

Ин нуктаро Исмоил Исоқов, вакили парлумон аз фраксияи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон дар ҷаласаи Кумитаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) оид ба муҳофизат ва амният иброз дошт. Ба навиштаи хабаргузории akipress Созишномаи  дуҷониба миёни ҳукумати Қирғизистону Тоҷикистон оиди қитъаи замин дар соли 2005 ба имзо расида буд, ки мувофиқи қарордоди мазкур Қирғизистон барои иҷора 90 гектар замини наздисарҳадиашро ба музди рамзии 1 доллари ИМА дар як сол ба ҷониби Тоҷикистон барои гузарондани хатҳои барқ ба иҷора медиҳад. Дар навбати худ Тоҷикистон низ 5 гектар қитъаи замини худро ба Қирғизистон ба ҳамон музд ба иҷора медиҳад.

Зимни ҷаласаи фраксияи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон ба нақша гирифта шуд, ки қарори табодули замин аз нав мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Аммо  ҳукумати Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки аз сабаби бархе мушкилот гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон дертар шурӯъ шавад.

Ба гуфтаи Исмоил Исоқов то имрӯз ҳукумати кишвараш доир ба ин масъала чорае наандешидааст: «Тибқи созишнома 90 гектар замин нишон дода шудааст, аммо дар асл 104 гектар китъаи замин супорида шудааст. Дар шаҳри Боткан 44 гектар ва ҳамзамон дар яке аз маҳаллаҳои вилояти Боткан 60 гектар мебошад. Ин чӣ сиёсат аст? Мо гуфта будем, ки ин созишнома бекор карда шавад ва заминҳо баргардонида шаванд».

Ин вакили парлумон қайд намудааст, ки Тоҷикистон ҳанӯз он  ӯҳдадории худро оди иҷораи  замин иҷро накардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!