Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:55

Нақши зан дар нигаҳдории расму оини миллӣ. Форум дар Душанбе

20 ноябр 2012, 11:36

Таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази илмӣ-фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре ташкилкунандагони ин чорабинӣ иброз медоранд, максад аз баргузории ин ҳамоиш ба роҳ мондани алоқаи танготанги фарҳангии шаҳрвандони руси Тоҷикистон бо Русия ва дигар кишварҳо аст. Ҳамчунин, баландбардории нақши забони русӣ, барқарорсозии фарҳанги миллӣ, нақши занон дар омӯзиши насли ҷавон ба фарҳангу оини миллӣ аз паҳлӯҳои дигари ин форум унвон шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори Озодагон, ки дар оғози кори ин Форум ширкат дошт, дар ҳамойиш вакилони парлумони Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, созмони ҳамкории Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон, сафорати ФР дар ҶТ, Иттифиоқи ҳамватанони ҷавони ҶТ, хатмкардагони донишгоҳҳои русӣ, зиёиён ва рӯзноманигорон иштирок варзиданд.

Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки хифзу нигахдории анъанаҳои миллӣ метавонад барои рушди фарханги хар кишвар мусоидат намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!