Нархи як литр шир дар бозори марказии шаҳри Хоруғ нисбат ба бозори марказии ноҳияи Рашт 2 ,5 маротиба қиматтар ба фурӯш гузошта шудааст.
Тавре ба Озодагон аз ширкати «АгроИнформ» иттиллоъ доданд, ба ҳисоби миёна нархи як литр шир дар бозори марказии шаҳри Хоруғ 5 сомонӣ арзиш дорад, аммо ин нишондод дар бозори марказии ноҳияи Рашт 2 сомониро ташкил медиҳад: «Аз ҳама нархи гарони шир пас аз Хоруғ дар бозори «Шоҳмансур»-ишаҳри Душанбе мушоҳида мешавад, ки дар ин ҷо як литр шир ба нархи 4 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст».
Гуфта мешавад, арзиши ин навъи маҳсулот дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд 4 сомонӣ ва дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳамон нархро дорад.
Тибқи иттилоъи Агентии омор дар ин робита, ҳаҷми умуии истеҳсоли шир дар кишвар дар тӯли 10 моҳи соли равон 567.838 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳои январ ва октябри соли 2011-ум 6,6 зиёд мебошад.
Мӯҳр