Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Виктор Никитюк

21 ноябр 2012, 03:48

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Виктор Никитюк, сафири фавқулода ва мухтори Украина дар ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттиллои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика матраҳ намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҳамчунин ҳамкориҳо  дар бахшҳои маориф ва фарҳанг низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки сафири кишвари дӯст дар раванди рушди муносибатҳои дуҷониба саҳми сазовор хоҳад гузошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!