Бахшҳо
17 июн 2011 04:32Хабарҳои ҷаҳон

Амрико: Завоҳириро тақдири Лодин интизор аст

Шабакаи «Алқоида», ки як моҳ пештар раҳбари худро бар асари як ҳамлаи нерӯҳои Амрикоӣ дар Покистон аз даст дода буд, пешвои нав ёфт.

Айман Завоҳирӣ, ки то ин вақт ҷонишини Усома бини Лодин буд, акнун сарвари «Алқоида» таъин шудааст.

Дар иттилоияи «Алқоида», ки як сомонаи исломгароён нашр кардааст, гуфта мешавад, ин шабака бо раҳбарии Завоҳирӣ "ҷиҳод алайҳи Амрико ва Исроил»-ро идома медиҳад. Дар иттилоияи мазкур аз ҳамаи мусулмонон хоста мешавад, ки ба ҷиҳод алайҳи "куфор", бахусус, ИМА, Исроил ва тарафдорони онҳо бипайванданд. "Ҷиҳод то замони хуруҷи тамомии лашкариёни куфр аз билоди исломӣ идома хоҳад ёфт», -омадааст дар иттилоия. Дар қисмати дигари иттилоия, ки ба таҳаввулоти кунунӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо марбут аст, гуфта мешавад, ки: "Ҳимояти худро аз қиёми бародарони мусулмон ва мазлум эълом медорем, ки алайҳи раҳбарони мустабид ва фосид дар Миср, Тунис, Либӣ, Яман, Сурия, Марокаш меҷанганд». Шабакаи «Алқоида» аз мухолифони ҳукумат дар ин кишварҳо хостааст ба муборизаи худ то сарнагунии "режимҳои фосиде, ки Ғарб бар сарзаминҳоямон таҳмил кардааст" идома диҳанд.

Айман Завоҳирӣ яке аз шахсони наздики террористи №1 Усома бин Лодин шинохта мешуд. Гуфта мешавад, амалиётҳои  асосии «Алқоида»-ро ӯ тарроҳӣ ва созмон медодааст.   Барои сари ӯ ИМА 25 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Амрико эълом кардааст, ки Завоҳирӣ низ аз паи бини Лодин хоҳад рафт.

Як сарҳанги ИМА гуфтааст, нерӯҳои кишвараш бо шеваи мушобеҳи амалиёти зиди Лодин Завоҳириро маҳв хоҳанд кард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)